воскресенье, 10 августа 2008 г.

Ки гунахгор?

Соат такрибан нухи бегох буд. Хамрохи хамкорам Умедчон аз кор баромада, хостем ба хона равем. Азбаски то ин вакти шаб дигар автобусу троллейбус намегардад, аз ин ру пиёда ба хиёбони Рудаки-100 рохи шудем. Боду хавои форами бегох ба кас халоват мебахшид. Одати хамкорам хамин аст, ки тез-тез, албатта дар вакти холигияш, сигор мекашад. Айни хол низ барои ин имкон даст дода буд, тамокуро бароварда оташ гиронд. Сигорро то охир дуд доду то як масофаи муайян тахмондаи онро дар дасташ нигох дошт. Кучахо тозаю озода ва дар ду тарафи рох гулхо шинонда буданд. Хамин тарик ба назди касри президент расидем. То ин чо Умедчон гох ба ин тарафу гох ба он тарафи рох менигарист. Дар аввал ман низ надонистам, ки Умедчон аз чи норохат аст. Хело рох хомуш мондем. Нихоят хомуширо халалдор намуда, Умедчон гуфт:
-То ин дарача не-да. Наход то як километр рох партовро кашола кунию як ахлотпартов наёби, ки онро партои. Баъд мегуянд, ки ба тозаги риоя намоеду шахрро озода нигох доред. Вакте ки хамон ахлотпартов набошад, чи магар мусрро дар кисаам андозам?
Умедчон ин суханхоро чунон бо газаб гуфт, ки лахзаи аввал ба чизе сарфахм нарафтам. Баъди ин суханхо тахмондаи сигорашро ба назди дарахти чанор гузошт. Зеро бояд ба маршрут савор мешуд.
Ин суханхои Умедчон чон дошт. Дар бисёр чойхои даркори хатто дар марказ ба гайр аз назди баъзе истгоххо дар чойи дигар куттихои ахлотпартов дида намешавад. Хол он ки на мувофики коидаи шахрдори баъди чанд метр куттихои ахлотпартов дида бояд бошад.
Ин масъала дар нохияхо бештар ба назар мерасад. Инро дар мисоли нохияи Рудаки дида метавонем, ки хатто дар чанд километр як куттии ахлотпартов дида намешавад.
Чихати дигари ин масъала боз дар он аст, ки дар хар кучо ахлоттуддахо

суббота, 9 августа 2008 г.

Духтурон кучо мешаванд?



Феълан дар кишвари мо ба гайр аз оне ки дар сохаи маориф беш аз хафт хазор муаллимин намерасад, инчунин дар дигар сохахо низ нарасидани мутахассисон ба назар мерасад. Масалан, дар сохаи тандурусти, ки яке аз мухимтарин соха ба шумор меравад, айни хол дар ин соха бино ба маълумоти Вазорати тандурусти зиёда аз се хазор табибон намерасанд. Дар холе ки ба гуфти декани ДДТТ Убайдулло Каримов хамасола теъдоди панчсад то шашсад нафар мутахасисон донишгохи мазкурро хатм менамоянд, боз хам нарасидани табибон эхсос мешавад. Хол он ки ин шумора танхо аз як донишгохи тибби аст. Дар баробари ин боз дигар колеччу омузишгоххои тибби низ дар пойтахт ва минтакхои дигари чумхури мавчуданд. Агар ба хисоби миёна дар як сол хазор донишчуй донишгохху колехои тиббиро хатм намояд, пас дар давоми се сол мебоист, ин масъала хал мешуд. Аммо ба андешаи масъулин тай панч соли охир теъдоди мутахасисони сохаи тиб, ки дар амалия фаъолият доранд, хамоно аз як теъдоди муайян зиёд нашудаанд. Бино ба маълумоти декани ДДТТ, шумораи мутахассисони сохаи тиб панч сол пеш сенздах хазору дусад нафарро ташкил медод ва имруз низ хамон нишондод боки мондааст. Пас суоле ба миён меояд, ки хатмкунандагоне, ки хар сол бо теъдоди зиёд донишгохро хатм менамоянд, ба кучо мерванд? Ба андешаи масъулин ба ин раванд якчанд омил сабаб мешавад. Пеш аз хама теъдоди зиёди донишчуёне, ки донишгоххро хатм мекунанд, ба чойхои таъингардида ба кор намераванд. Сабабшро онхо дар паст будани музди маош ва дастгири наёфтан аз чониби макомотхои махалли медонанд.
Масалан, аз шашасад нафаре, ки соли гузашта ДДТТ-ро хатм намуд, ба гуфти ректори донишгохи мазкур ба хисоби миёна хамаги чил фоизи он дар ин ин соха кор мекунаду тамом, кисмати зиёди онхо ба дигар сохахо мегузаранд ва ё тамоман кор намекунанд. Ба гайр аз ин ба гуфтаи баъзе аз коршиносон хар сол аз дусад то чорсад нафар табибони сохибкасб ба мамалакатхои дигар мераванд.
Масъалаи дигаре, ки имруз масъулини сохаи тандурустиро ба ташвиш овардааст, нобаробарии кадрхои сохаи тандурусти дар минтакахои кишвар мебошад.
Мувофики меъёри байналмиллали ба сари дах хазор ахоли бояд 24-26 духтур рост ояд, аммо ин нишондод дар кишвари мо ба нуздах нафар мерасад. Ин хам нишондиханда дар маркази чумхури аст. Дар нохияхои дурдасти кишвар бошад, ба андешаи масъулин ба сари дах хазор нафар ахоли хамаги ду ва ёсе нафар рост меояд, ки ин нишондиханда бехад кам аст. Ин вазъ сокинони нохияхоро ба ташвиш гузоштааст. Манижа Сафаралиева, сокини дехаи Калъаи Хусайни нохияи Дарвоз мегуяд, дар дехае, ки онхо зиндаги мекунанд, хамаги як зану шавхар духтуранд, ки на хамеша имкони сари вакт ба мардум кумак карданро доранд. Дармонгох аз дехаи мо дар масофаи дур чойгирасту бемор наметавонад, сари вакт ба беморхона равад. иброз дошт, у. «Борхо шохиди чунин вокеа низ гаштам, ки бемор то ба беморхона бурдан дар рох вафот мекунад»-гуфт, зимни сухбат мавсуф.

Насаби точики боиси сагардонии мухочирон



Ба иттилои Корхонаи давлатии "Точик-эйр" дар шашмохаи соли равон аз давлати Русия беш аз сесад нафар мухочири мехнати точикистониро хорич намудаанд. Ба андешаи масъулини соха аксари онхо бо сабаби насаби точики доштанашон ба ватан хорич карда шудаанд. Ба гуфти сарвари корхонаи мазкур бояд ин масъала бо намояндагони точик дар давлати мазкур ба мувофика мерасид. Аммо гуфта мешавад, беэътиноии намояндагони Точикистон дар ин давлат боиси хорич гардидани мухочирони точик шудааст. Ин хам дар холест, ки як чипта ба давлати мазкур на камтар аз чорсад доллари амрикоиро ташкил медихад.